Қаҳрамони панҷкаратаи футболи Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол»-и пойтахт миёни тимҳои иштирокчии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 аз ҳама бештар имтиёз ба даст овард. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Дар гурӯҳи «D»-и даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 тими «Истиқлол» зинаи аввалро ишғол намуд. Дастаи Муҳсин Муҳаммадиев панҷ ғалаба ба даст оварда, танҳо як бозиро мусовӣ анҷом дод ва аз тими «Олтин Асир»-и Туркманистон, ки дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад, се имтиёз зиёдтар касб кард.

Миёни ҳамаи 34 тими иштирокчии даври гурӯҳии Ҷоми КФО «Истиқлол» аз ҳама бештар - 16 имтиёз касб карда, зинаи дуюми рейтинги шартиро бо касби 15 имтиёз дастаи «Глобал» (Филиппин) ишғол намуд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Минтақаи марказии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 гардида, ба марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавӣ роҳ ёфт.