Дар вохӯрии финалии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо иштирокчии вохӯрии финалии соли гуштаи Ҷоми КФО - тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бозии аввал санаи 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва вохӯрии ҷавобӣ санаи 18 октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад.

Дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО вохӯрӣ миёни дастаҳои «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) ва «Бенгалуру» мусовӣ - 0 бар 0 анҷом ёфта, чун дар бозии аввал футболбозони ҳиндустонӣ бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо шуда буданд, ба даври дигари мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.