Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои «Меморилаи Харлампиев», ки дар Русия доир гардид, иштирок карда натавонист. Сабабаш аз ҷониби Федератсияи самбои кишвар пардохт нашудани аъзоҳаққӣ аст.

Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) бинобар сабаби пардохт нашудани аъзоҳаққӣ дар муддати се соли охир узвияти дастаи Тоҷикистонро дар ин Федератсия боздошт. Тавре дар сомонаи расмии FIAS қайд мешавад, ҳаҷми аъзоҳаққии солона 300 долларро ташкил медиҳад.

Дар Федератсияи самбои Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ намуда, сабаби пардохт нашудани аъзоҳаққиро ба вазъи душвори молиявии ташкилот нисбат доданд ва изҳор намуданд, ки айни замон баҳри ҳалли ин масъала сарпарастонро ҷустуҷӯ доранд.

Узвияти Федератсияи самбои Тоҷикистон ба FIAS то пурра пардохт шудани қарзи аъзоҳаққӣ - 900 доллар боздошта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.