Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони то 15-сола ғолиб гардида, мақоми аввалро ба даст овард.
Гуфта мешавад, ки ин сабқат бо иштироки 10 даста дар ду марҳила доир гардид. Медалҳои тилло насиби дастаи “Равшан”- и Кӯлоб (мураббӣ Фаридун Рустамов) шуд. Медалҳои нуқраро дастаи “Суғд” (мураббӣ Аҳрор Ғафуров) ва медалҳои биринҷиро дастаи МҶМОВ (мураббӣ Ҳасан Раҷабов) ба даст оварданд.
Маросими пӯшидашавӣ ва ҷоизасупории чемпионат дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов, директори лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков ширкат карданд.
Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ беҳтарин бозингари дастаҳо дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин бозингари чемпионат бошад, ба Ҳайдаршо Худойдодов (“Суғд”) тақдим гардид. Бо 21 гол Диловар Азизов (“Равшан”) беҳтарин нишонзани ин қаҳрамонӣ эълон шуд. Ҷоизаи беҳтарин мураббиро Фаридун Рустамов (“Равшан”) ба даст овард.
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб рӯзи якшанбеи 18-уми октябр дар вохӯрии финалии Parimatch Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро шикаст дода, соҳиби ин ҷоиза шуд. То расидан ба даври финалӣ "Равшан" тими маъруфи "Истиқлол"-и Душанберо аз бозӣ берун карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста