Варзишгари тоҷик Анӯшервон Ақназаров дар мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтановҳо, ки аз 13 то 17 июл дар шаҳри Костанайи Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни вазни 67кг рақобат карда, сазовори медали нуқра гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 7 варзишгар - Асламҷон Қурбонов (54кг), Абӯбакр Муродов (60кг), Олимҷон Орифзода (63,5кг), Абдураҳим Ёқубов (63,5кг), Анӯшервон Ақназаров (67кг), Дилшодхон Саидаҳмадов (67кг) ва Нурланбек Эрматов (75кг) намояндагӣ карда, ба гирифтани як медали биринҷӣ даст ёфтанд.

Гуфта мешавад, ки Анӯшервон Ақназаров дар вазни 67кг дар даври аввал бар варзишгари мизбон Максим Штро, дар чорякфинал бар варзишгари дигари мизбон Абилай Сман пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз намояндаи Ӯзбекистон Ҷавоҳир Уматалиев мағлуб шуд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз давлатҳои Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Полша, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ироқ иштирок карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.