Ҳамлагари мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол” Рустам Соиров ҳунарнамоии худро минбаъд дар бошгоҳи футболи “Левадия”-и шаҳри Таллини Эстония давом медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии даста хабар медиҳад.

Раҳбарияти даста хабар додааст, ки бо ҳамлагари ҷавони тоҷик ба муҳлати се сол қарордод бастааст.

Соирови 19-сола қаблан дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳайати тими “Истиқлол” 60 бозӣ гузаронида, 28 тӯб вориди дарвоза кардааст. Ҳамчунин дар тими мунтахаби Тоҷикистон дар 7 бозӣ иштирок кардааст.

Гуфта мешавад, бо дастрас гардидани раводид (виза)-и корӣ Соиров ба машқҳо бо ҳайати тими “Левадия” оғоз мекунад.

Дар Эстония таҳияи раводиди шаҳрванди хориҷӣ ба ҳисоби миёна аз 12 то 14 рӯзро дар бар мегирад.

Дар бораи бо кадом шарту шароит ба ин даста гузаштани футболбоз маълумот дода намешавад. Барои бозӣ дар ҳайати даста Соиров бо футболбози бразилиягӣ, беҳтарин нишонзани даста Лилиу ва ҳамлагари мунтахаби Эстония Роберт Кирсс рақобат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки қаблан футболбозони тоҷик Хуршед-Темур Ҷӯраев ва Табрези Давлатмир дар тимҳои Эстония бозӣ кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.