Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи анъанавии байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» ширкат хоҳад кард.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар «Ҷоми Рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунад.
Гуфта мешавад, дастаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) нерӯ месанҷад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-17) ва Русия (U-16) бозӣ мекунанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила рақобат менамоянд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста