Пагоҳ, 31 март мусобиқаи “Grand Slam” (Тоскулоҳи Бузург) оид ба ҷудо дар Анталия (Туркия) оғоз мегардад, ки то 2 апрел давом мекунад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқа 617 варзишгар - 357 мард ва 260 зан аз 85 кишвар иштирок мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзиiшгарро ба Туркия мефиристад: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Шодмон Ризоев (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг).

Ин мусобиқа маъмулан дар 7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон баргузор мешавад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, 31 март Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷебов, рӯзи 1 апрел - Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев, 2 апрел - Ҷаҳонгир Маҷидов қувваозмоиро оғоз мекунанд.

Маблағи мукофтпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 4 ҳазор евро, зинаи дуюм - бо 2,4 ҳазор евро ва зинаи сеюм - бо 1,2 ҳазор еврогӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Мураббиёни онҳо мутаносибан 1000, 600 ва 300 евро мукофотпулӣ мегиранд.

Соли равон боз мусобиқаҳои зерини байнулмилалӣ оид ба ҷудо дар назар аст:

7-14 май: Чемпионати ҷаҳон, Давҳа (Қатар)

25-27 май: Гран-при, Линтс (Австрия)

2-4 июн: Гран-При, Душанбе (Тоҷикистон)

23-25 июн: “Grand Slam”, Улан-Батор (Муғулистон)

4-6 август: Мастерс, Будапешт (Маҷористон)

18-20 август: Гран-при, Загреб (Хорватия)

29-30 август: мусобиқаи санҷишӣ (тестӣ), Париж-2024 (Фаронса)

22-24 сентябр: “Grand Slam”, Боку (Озарбойҷон)

4-8 октябр: Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, Коимбра (Португалия)

10-12 ноябр: “Grand Slam, Абу-Даби (АМА)

2-3 декабр: “Grand Slam, Токио (Ҷопон).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.