Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Суперҷоми футболи Тоҷикистон-2023-ро ба даст овард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар бозӣ барои дарёфти 14-умин Суперҷом “Равшан” бо ҳисоби 1:0 бар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дастболо шуд.

Вохӯрии мазкур рӯзи 6 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури 9 ҳазору 200 нафар тамошобинон баргузор шуд. Муаллифи голи ягона дар ин бозӣ ҳамлагари “Равшан” Амирҷон Сафаров мебошад.

Дарвозабони украинии “Равшан” Евгений Гритсенко беҳтарин бозингари вохӯрии 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.