Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар ҷараёни мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд дар бораи баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар Душанбе созишнома ба имзо расониданд. Баргузории чемпионат моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Баргузории Чемпионати ҷаҳон миёни напврасону ҷавононро ба Тоҷикистон бовар карданд! Ин чорабинии бошукӯҳ барои ҷудои тоҷик як қадами муҳим буда, нақш ва нуфузи афзояндаи онро дар арсаи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад», - иброз дошт муовини раиси Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ Эргаш Маҳмадбеков.

Сурат: IJF

Ба гуфтаи ӯ, қарори IJF эътирофи дастовардҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мебошад.

«Комёбии бузурги Гран При Душанбе 2023, “Тоскулоҳи бузург”-и пешбинишуда дар Душанбе дар соли 2024 ва акнун Чемпионати ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон низ - ҳамаи ин аз рушди босуръати ҷудо дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва мақоми кишварро ҳамчун яке аз марказҳои пешбари ин намуди варзиш натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ тасдиқ мекунад», - гуфт ӯ.

Маҳмадбеков зикр кард, ки Чемпионати ҷаҳон-2024 барои натанҳо ҷудокорони тоҷик, балки барои тамоми дӯстдорони варзиши кишвар рӯйдоди фаромӯшнашаванда хоҳад буд. Ин натанҳо як фурсати нодир барои варзишгарони ҷавони Тоҷикистон ҷиҳати нишон додани маҳорату малакаи худ дар арсаи ҷаҳонӣ аст, балки мухлисон низ шоҳиди набардҳои ҷолиби беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон хоҳанд шуд.

Сурат: IJF

“Имзои созишнома дар бораи баргузории Чемпионати ҷаҳон-2024 лаҳзаи таърихӣ барои ҷудои Тоҷикистон буда, ҷиҳати рушди он саҳифаи нав боз мекунад. Бовар дорам, ки ин чорабинӣ ба ҷашни ҳақиқии варзиш табдил хоҳад ёфт”, - илова намуд Маҳмадбеков.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.