Дар натиҷаи таҳқиқотии илмии пойгоҳи “Диссернет” чанд шӯрои диссертатсионии Русия тавсия додаанд, ки дараҷаҳои илмии ду олими тоҷик - Шаъбон Нуров, мудири кафедраи менеҷменти молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикист ва Зокирҷон Асроров, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар бекор карда шаванд. Дар ин бора пойгоҳи “Диссернет” 10 ноябри соли равон хабар дод.

Ин пойгоҳ муайян кардааст, ки ин ду олими тоҷик ҳангоми навиштани рисолаи илимяшон даст ба асардуздӣ задаанд.

Пойгоҳ, моҳи апрели соли 2018 навишта буд, ки Шаъбон Нуров ҳангоми навиштани рисолии илмии худ таҳти унвони “Баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти кишоварзӣ (дар мисоли корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)” (Повышение конкурентоспособности сельскохозяйственного производства (на примере предприятий Республики Таджикистан) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмӣ ва мақолаи илмии Михаил Шатохин “Повышение конкурентоспособности сельскохозяйственного производства региона, ки соли 2004 дифоъ шудааст, Сергей Ляховненко “Конкурентоспособность предприятий АПК на продовольственном рынке”, ки соли 2002 дифоъ шудааст ва И. С. Донахонов “Анализ состояния развития предпринимательской деятельности в аграрном секторе экономики таджикистана”, ки соли 2008 дар шумораи 2 (47) маҷаллаи илмии Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашр шудааст, рӯйбардор карда, даст ба асардӯздӣ задааст.


Пойгоҳ менависад, ки Нуров 26 майи соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Институти иқтисоди хоҷагии қишлоқ зери роҳбарии Нарзулло Амиров (ин пойгоҳ соли 2015 Амировро низ ба асардуздӣ мутаҳҳам карда буд) дифоъ кардааст.

Ба навиштаи “Диссернет” 5 октябри соли 2021 Шӯрои диссертатсионии Д212.196.14 дар назди Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов тавсия додааст, ки Шаъбон Нуров аз унвонн номзади илмҳои иқтисод махрум карда шавад.

То кунун мавқеи Нуров дар мавриди ин таҳқиқи “Диссернет” маълум нест.

Пойгоҳи “Диссернет” ҳамчунин, дар шарҳи асардуздии Зокирҷон Асроров, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар навиштааст, ки ӯ ҳангоми навиштани рисолаи илмияш дар мавзӯи “Механизмҳои тадорукотиву (ё ташкиливу) иқтисодии таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақаи камзамин” (Организационно-экономические механизмы обеспечения продовольственной безопасности малоземельного региона) даст ба асардуздӣ зада, аз рисолаҳои илмии олимон Алишер Қурбоналиев, Рустам Қудратов, Ҳисайн Исайнов, Святослав Афанасев, Абдураҳим Мадаминов ва Хурсандой Исрофилова рӯйбардор кардааст.


Манбаъ менависад, ки Асроров 8-уми апрели соли 2011 рисолаи номзадии худро дар шӯрои дифоъи рисолаҳои назди Институти тадқиқоти илмии иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон зери роҳбарии Рустам Қудратов – вакили ҳозираи парлумони Тоҷикистон дифоъ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир назар ва вокуниши расмии Зокирҷон Асроров ба ин иттиҳоми пойгоҳи "Диссернет" маълум нест.

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад.

Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 60 олими тоҷикро ба асардуздӣ  ё рӯйбардори бинуи ишора ба манбаи аслӣ муттаҳам кард.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифт ва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “ин ба он маъно аст, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд”.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2021 амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шуд, ки аз ин баъд ҳамаи мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон, танҳо баъди иҷозаи ӯ метавонанд ба таҳқиқи илмӣ сару кор бигиранд ва олим шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.