Имрӯз, 18-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қатор амру қарорҳо дар вазифаҳои калидии вазорату идораҳои мухталифи кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои хадамоти матбуот, имрӯз бо амри раисиҷумҳур Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил ва Ваҳобзода Абдураҳмон ду муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъйин карда шуданд.

Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим бошад, бо амри дигари раисиҷумҳур, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод карда шуд.

Бо қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Носирзода Ҷаббор - муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Назарзода Машокир Фозил - муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

1/6

Ҳамин тавр, Носирзода Ҷаббор - муовини то имрӯз ба ин симмат вазири кишоварзии Тоҷикистон нишаста бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шудааст. Кори нави ӯ ҳоло маълум нест.

Дар ин баробар, бо қарори дигар Бобозода Хисрав Хоркаш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон озод карда шудааст.

Ваҳобзода Абдураҳмон ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидааст.

Ҷойҳои кории нави ин ду нафар ҳам то ба ҳол мушаххас нестанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор судяҳо ҳам аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо шахсони нав таъйин шуданд, ки дар ин хабари мо метавонед бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.