Додситони нави вилояти Хатлон ва муовинони ӯ таъин шудаанд. Додситони шаҳри Кӯлоб, ҳамаи муовинонаш ва боз додситонҳои чанд навоҳии дигар низ аз вазифа озод гардидаанд. Сардорони раёсати шуъбаҳои ВКД дар чанд шаҳру наваҳии Хатлон ҳам барканор гардидаанд.

Тағйироти мазкур дар пайи интиқоди шадид ва дастури қатъии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз кори мақомоти қудратии вилояти Хатлон сурат мегирад.

Ҳамин тавр, Ҷамшед Мирзохонзода, иҷрокунадаи вазифаи додситони вилояти Хатлон таъин шудааст. Ҷамшед Мирзохонзода то ин таъинот дар Додситонии кулл фаъолият дошт ва рутбаи генералӣ дорад.

Ҳамчунин, Бахтиёр Маҳмудзода иҷрокунандаи вазифаи муовини аввал ва Маҳмадризо Халифазода иҷрокунандаи вазифаи муовини додситони вилояти Хатлон таъин шудаанд.

Қаблан дар вазифаи додситони вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимов фаъолият дошт, ки пештар барканор гардида буд.

Додситони вилояти Хатлон бо муовинонаш
Акс аз Asia-Plus

Тибқи иттилои дастрасгардида, Достизода Қутбуддин, додситони додситони шаҳри Кӯлоб ва ҳамаи муовинонаш аз вазифа озод гардидаанд.

Ҳамчунин, Фозилзода Амрулло, додситони ноҳияи Кӯшониён ва Салоҳиддин Исмоилзода, додситони шаҳри Бохтар низ аз вазифа озод шудаанд.

Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои онҳо киҳо таъин гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки айни ҳол ба ҷойи роҳбарони як қатор сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, аз ҷумла сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, ки қаблан озод карда шуда буданд, киҳо таъин шудаанд, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки 19-уми январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар аз фаъолияти мақомоти қудратии кишвар дар вилояти Хатлон ба таври бесобиқа интиқод карда, дастур дод:

- сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ;

- прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо;

- сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;.

- сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ;

- сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар

аз вазифа озод карда шаванд.

“Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои  хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд”, - гуфта мешуд дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.