Генерал-майор Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (УБОП), ки 2-юми феврали соли ҷорӣ аз вазифа озод гардида, аввали моҳи апрел роҳбари дастгоҳи ВКД таъин шуд, 16-уми апрел бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фарҳангу маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва фаъолони ҷомеаи ноҳияи Синои пойтахт мулоқот кардааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Шодӣ Ҳафиззода оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омезиши фарҳангӣ бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрам фикру андешаҳои худро иброз доштааст.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин, генерал-майор Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, Мансур Бухоризода, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ва Тоҷиддин Саидзода, раиси ноҳияи Сино Ниёз ҳузур доштаанд.

Бояд гуфт, ки ин яке аз аввалин мулоқотҳои Шодӣ Ҳафиззода дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа мебошад. Ба ин вазифа ӯ аввали моҳи ҷорӣ таъин гардид.

Хабари таъини Шодӣ Ҳафиззода ба вазифаи роҳбари дастгоҳи ВКД ду ҳафта пеш расонаӣ гардид, аммо он замон дар ВКД касе инро расман тасдиқ накарда буд.

Шодӣ Ҳафиззода 43-сол дошта, аз соли 2017 то 2-юми феврали соли 2024 дар мақоми сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД фаъолият дошт.

Ӯро яке аз афроди наздик ба вазири корҳои дохилӣ меноманд, ки дар атрофи ӯ ва раёсати зери раҳбарияш дар робита ба боздошту ҳабсҳои пурсарусадо гуфтугузорҳо зиёд буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.