Хуҷанд. 8-уми август. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар вилояти Суғд пахта пеш аз мӯҳлат ба ҳосил даромад, ки ба деҳқонон як ҳафта вақти захиравӣ пайдо мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, пеш аз мӯҳлат шукуфтани пунбадонаро обуҳавои мусоид, чорабиниҳои агротехникии саривақт доиргардида ва бо нуриҳои минералӣ таъмин кардани он сабаб аст.

«Айни замон дар заминҳои кишти пунбадона чеканкаи ин зироат дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои аз 16 то 21-уми август коршиносони соҳа ҷиҳати муайян кардани миқдори ҳосили пешбинишуда ба заминҳои кишт мераванд», - гуфтанд дар сарраёсати кишоварзии вилоят.

Соли равон дар вилояти Суғд пунбадона дар майдони 65 ҳазору 402 гектар кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳазору 400 гектар зиёдтар аст. Соли гузашта ҷамъоварии 92 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шуда буд, ки деҳқонони вилоят онро барзиёд ба иҷро расониданд.

Коршиносони вилоят бар ин назаранд, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз 1 гектар замини кишти пунбадона, 4800 сомонӣ маблағгузорӣ зарур аст.