Сарчашмаҳои тоҷикистонӣ маълумот дар хусуси ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас»-и Қирғизистон ба Афғонистон машғул будани ширкатеро, ки ба духтари президенти Тоҷикистон муносибат дорад, рад месозанд.

Чанде қабл президенти Иттиҳодияи ҳамлу нақли бори Қирғизистон Темирбек Шабданалиев дар мусоҳиба ба нашрияи «Tazabek» изҳор кард, ки тамоми корҳои марбут ба ҳамлу нақли бор аз фурудгоҳи «Манас» ба Афғонистонро ширкати «Туртранскарго» анҷом медиҳад, ки ба он духтари президенти Тоҷикистон низ муносибат дорад.

Бино ба маълумоти ӯ, ширкат шурӯъ аз соли 2009 ба фаъолият пардохта, бо он то соли 2012 қарордод ба имзо расидааст.

«Ба иштирок дар тендер ширкатҳои ҳамлу нақли бори ватаниро роҳ надоданд. Ҷониби Амрико ба баррасии масъалаи иштироки ширкатхои мо дар ҳамлу нақли бори низомӣ ва ғайринизомӣ ба Афғонистон омода аст. Агар корхонаи давлатии нақлиёти автомобилӣ таъсис дода шавад, мо бо ширкатҳои ҳамлу нақли бори Тоҷикистон рақобатпазирӣ карда метавонем», - гуфтааст Т. Шабданалиев.

Аммо ин иттилоъро сарчашмаҳои расмӣ дар Тоҷикистон рад сохтанд. «Ширкати «Туртранскарго» барои иштирок дар тендери эълоншуда аз ҷониби Пентагон барои таъмини ҳамлу нақли борҳои ғайринизомӣ аз фурудгоҳи «Манас» ба Афғонистон ҳатто ариза пешниҳод накардааст», - изҳор дошт дар робита ба ин масъала сардори Сарраёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти кишвар Фаррух Фахриддинов.

Ба гуфтаи Фахриддинов, ба ҳамлу нақли борҳо ширкати дигари Тоҷикистон машғул аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ифшои номи ин ширкат худдорӣ карда, изҳор намуд, ки таваҷҷӯҳи беҳад зиёди ВАО-и Тоҷикистон ба масъалаи мазкур ба имконоти ширкатҳои тоҷикистонӣ ҷиҳати ғолиб омадан дар тендерҳои минбаъда таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамчунин ӯ маълумот дар бораи ба духтари президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доштани ширкати «Туртранскарго»-ро низ рад кард.

Дар худи ширкати «Туртранскарго» изҳор карданд, ки суханони Т. Шабданалиев асоси воқеъӣ надоранд.