Палатаи поёнии парлумони кишвар дар иҷлосияи навбатӣ ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҶТ дар зарфи 9 моҳи соли 2011-ро маъқул шуморида, Дурнамо барои соли 2012-ро тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ дар назди вакилон муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамшеди Юсуфиён қайд кард, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар беш аз 20 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ба 3,3 млрд. доллари ИМА баробар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли гузашта захираҳои пули ҷумҳурӣ ба миқдори 15% афзуда, то ахири сол он ба 22% мерасад.

Дар идома Ҷамшеди Юсуфиён гуфт, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ду ташкилоти қарздиҳӣ ва як бонк сабти ном шудааст. Ҳамин тариқ, айни замон дар Тоҷикистон 15 бонк ва 122 ташкилотҳои қарзӣ амал мекунанд, ки дороии умумии онҳо нисбат ба соли гузашта ба андозаи 33% афзудааст.

«Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки дар бонкҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ба андозаи 40% афзуда, 4,1 млрд. сомониро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми умумии қарзҳои пешниҳодшуда нисбат ба соли гузашта 38% афзуда, ба 4,9 млрд. сомонӣ баробар шуданд», - изҳор кард муовини аввали раиси БМТ.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ арқоми дар ҳисобот зикршударо шубҳанок унвон кард. «Мутобиқи пешгӯиҳои шумо, аҳаҷми афзоишиММД-и ҷумҳурӣ дар соли 2012 на камтар аз 6,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки ин ба афзоиши солонаи ҳаҷми ММД дар Чин ва Туркия баробар буда, ду баробар аз ҳаҷми афзоиши ММД-и кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бештар аст, - гуфт Кабирӣ. – Аммо мо дар ҳаёти ҳамарӯза инро эҳсос намекунем ва дар бораи беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум ва давлат чизе гуфта наметавонем».

Ба ин эроди намояндаи парлумон Ҷамшеди Юсуфиён посух дод, ки «саҳеҳияти маълумоти зикршуда чандин маротиба аз ҷониби ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ тасдиқ шудааст».

Дар навбати худ, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар аз сиёсати қарзии бахши бонкии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард. «Ман нисбат ба масъалаи ба кӣ ва бо кадом фоизҳо додани қарз шубҳаву суолҳои зиёде дорам», - гуфт ӯ.