Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах»-и Тоҷикистон таҷҳизоти мубориза бар зидди малах тақдим кард.

Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кӯмаки мазкур дар доираи барномаи минтақавии «Мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар соли 2012» дастрас шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ба корхона як дастгоҳи алоқаи моҳвораӣ, панҷ адад дастгоҳи низоми моҳвораии навигатсия (GPS), 20 адад дорупошакҳои дастии «Улва», панҷ адад дорупошакҳои АИ-800, як дорупошаки АИ-8115 ва се ҷуфт таҷҳизот барои назорату мушоҳида тақдим шуд. «Таҷҳизоти дастрасшуда ба манотиқе, ки бештар ба ҳуҷуми малах осебпазиранд, фиристода мешавад», - гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.

Зикр гардид, ки таҷҳизоти мазкур ба фермерон дар саривақт андешидани чораҳо зидди ҳуҷуми малах кӯмак хоҳад расонид.