Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,8 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дигаргунии мазкур бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот, ворид карда шудааст. 

Қобили қайд аст, ки маротибаи охир меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 14 декабри соли 2011 ба андозаи 0,2 банди фоизӣ паст карда шуда буд.