Бахши кишоварзии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои обуҳавои номусоид шадидан ба дастгирии молиявии созмонҳои байнулмилалии мададрасон ниёз дорад, - изҳор кард зимни мулоқот бо намояндагони созмонҳ байнулмилалии муқими кишвар муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов.

«Обуҳавои номусоид ба бахши кишоварзӣ хисороти зиёд ворид кард, - гуфт муовини вазир. – Тирамоҳи соли 2010 ва баҳори соли 2011 хушк омаданд. Камбуди намӣ ба ҳосили зироати тирамоҳӣ ва кишти баҳории зироати ғалладона таъсири манфӣ расонид. Бахусус ба заминҳои кишти серҳосил осеби зиёд расид».

Ба гуфтаи Исроилов, ҳамчунин ба бахши кишоварзӣ сардии барвақти обуҳаво дар тирмаоҳ ва боришоти зиёди барф зимистони соли равон низ зарар расониданд.

«Бино ба маълумоти гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми захираҳои тухмии гандум барои соли равон ҳамагӣ 38 ҳазор тонна ва тухмии картошка 52 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои зиёд кардани майдони кишти гандум то 219 ҳазор гектар ва картошка то 22 ҳазор гектар 43,8 ҳазор тонна тухмии гандум ва 77 ҳазор тонна тухмии картошка зарур аст», - иброз дошт номбурда.

Исроилов изҳор кард, ки обуҳвои номусоид ба соҳаҳои рустанипарварӣ дар ҳаҷми 4,4 млн. ва чорводорӣ 3,7 млн. сомонӣ зарар расониданд. «Талафоти чорвои калони шохдор 143 сар, чорвои хурд беш аз 4 ҳазор сарро ташкил дода, ҳамчунин 50 сар асп ва 50 оилаи занбӯри асал низ талаф ёфтанд», - гуфт вай.

Муовини вазири кишоварзӣ зикр кард, ки айни замон дар тамоми хоҷагиҳо камбуди шадиди хӯроки чорво ба мушоҳида мерасад. «Барои муваффақона зимистонро паси сар намудан ва ба даст овардани насли нав ҳадди аққал 1,2 ҳазор тонна хӯроки серғизои чорво ба маблағи 3 млн. сомонӣ зарур аст», - изҳор кард вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, бидуни ёрии созмонҳои байнулмилалӣ ҷумҳурӣ наметавонад ин камбудиҳоро бартараф созад ва аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунанд. «Хӯроки серғизои чорво дар дохили ҷумҳурӣ мавҷуд аст, танҳо ҷиҳати дастрас кардани он маблағ зарур аст», - афзуд Исроилов.