Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов бо Директори генералии ширкати “Қатари Диёр Реал Истейт Интвестмент - Тоҷикистон” ҷаноби Камол Ҳиҷозӣ вохўрӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохўрӣ тарафҳо масъалаи рафти корҳои сохтмонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Диёри Душанбе”, ки бояд мутобиқи Созишномаи санаи 26 августи соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Давлати қатар баимзорасида амалӣ мешавад, инчунин масъалаҳои ҳуқуқӣ меъёрии амали созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки бо имзои созишномаи мазкур аз тарафи ширкати қатарии сармоягузорӣ дар соҳаи амволи ғайриманқул «Ад- Диёр» ба сохтмони масҷиди ҷомеъ ва татбиқи лоиҳаи «Диёри Душанбе», ки тавассути маблағгузории Давлати қатар амалӣ карда мешавад, ҳусни оғоз бахшида шудааст.

Раиси Кумита роҳбарияти ширкати сармоягузорро хайрамақдам гуфта, иттилоъ дод, ки Созишномаи зикршуда бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2012 №566 тасдиқ шудааст.

Д. Саидов қайд намуд, ки татбиқи самараноки лоиҳаи мазкур метавонад ба ҷараёни ҷолибнокгардонии фазои сармоягузории Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ ва ҷараёни ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷии мустақим ба иқтисодиёти мамлакат суръат бахшида, маҷмўи зиёди ҷойҳои нави кориро дар пойтахти кишвар ташкил намояд.

 Дар навбати худ, ҷаноби Камол Ҳиҷозӣ корҳои амалишудаистодаро дар доираи татбиқи лоиҳаи “Диёри Душанбе” муаррифӣ намуда, зикр дошт, ки айни замон замини барои сохтмон муайяншуда ҳамвор ва ба пуррагӣ барои корҳои сохтмонӣ омода карда шудааст ва тибқи нақша дар моҳи апрели соли ҷорӣ сохтмони асосӣ оғоз хоҳад ёфт. Ҳамзамон, ў қайд намуд, ки ширкат тамоми масъалаҳои инфрасохториро аз қабили гузаронидани қубурҳои об ва хати барқу алоқаро ҳаллу фасл намуда, ҷиҳати ҷалби ширкатҳои ватанӣ дар сохтмони шаҳраки “Диёри Душанбе” бо 5 адад ширкатҳои ватанӣ шартномаҳои дахлдор ба имзо расонидааст.

“Айни замон, тендери байналмилалӣ барои муайян намудани пудратчии кулли сохтмони асосии лоиҳаи мазкур эълон шудааст ва дар мўҳлатҳои наздик он ба анҷом хоҳад расид” – гуфт Директори генералии «Қатари Диёр Реал Истейт Интвестмент Тоҷикистон».

Бояд қайд кард, ки Шаҳраки замонавии «Диёри Душанбе» дар канори кўли Ҷавонон сохта шуда, 68 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад ва он аз 5 адад хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, 3 адад биноҳои бизнес-марказҳо, 1 адад меҳмонхонаи панҷситорадор ва дигар бинову марказҳои тиҷоратӣ ва дилхушиву варзишӣ, иборат хоҳад буд.

Тибқи нақша дар марҳилаи аввали сохтмони асосӣ 3 иншоот аз қабили бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, бинои маркази соҳибкорӣ ва 1 адад бинои маркази тиҷоратӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

 “Кумита омода аст дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати саривақт ва босифат татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба ширкати қатари Диёр Реал Истейт Интвестмент Тоҷикистон мусоидат ва ҳамкорӣ намояд”. – қайд намуд дар хотима Д. Саидов.