Иттиҳоди Аврупо кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди баргузории ташхиси мустақили байнулмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун»-ро дастгирӣ мекунад, - изҳор доштааст роҳбари дипломатияи ИА Кэтрин Эштон.
«Намояндаи воломақоми ИА (оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният) аз кӯшишҳои Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи таъмини баргузории ташхиси мустақили фаннии лоиҳаи пешниҳодшудаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ намуда, бесаброна натоиҷи онро интизор аст», - гуфта шудааст дар иттилоияи воридшуда ба хабаргузории РИА «Новости».
Дар иттилоияи мазкур ҳамчунин аз доир кардани «таҳқиқоти иловагии воситаҳои алтернативии таъмини амнияти энергетикӣ барои минтақа» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ истиқбол карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки мухолифи сарсахти сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аст. Имконоти фаннӣ ва таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии он чандин маротиба санҷида шуда, ягон маротиба баҳои манфӣ нагирифтааст.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста