Корҳои геологиву иктишофӣ дар конҳои урани минтақаи ғарби Тоҷикистон соли 2015 ба итмом мерасанд. Айни замон дар ду минтақаи урандори ноҳияи Ҳисор фаъолияти геологҳои тоҷик дар ин самт босуръат ҷараён дорад.

Бино ба маълумоти сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азими Иброҳим, маълумоти дастрасшуда аз ин минтақа умедворкунандаанд, лекин дар бораи он ҳанӯз ҳарф задан барвақт аст. «Шояд минбаъд ин минтақаҳо муттаҳид карда шаванд, зеро бевосита наздики ҳамдигар қарор доранд. Тамоми корҳои иктишофӣ аз ҷониби буҷети кишвар маблағгузорӣ мешаванд», - шарҳ дод ӯ.

Ба қавли вай, феълан Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Русия ва як ширкати фаронсавӣ ба минтақаҳои урандори Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати фаронсавӣ оид ба ин масъала гуфтушунид дошта, ҷонибҳо то ҳол дар бораи фаъолияти муштарак ба мувофиқа нарасидаанд. «Росатом» ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши истихроҷи уран дар давоми солҳои зиёд манфиатдор аст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ҳукумати Русия лоиҳаҳои созишномаи аз ҷониби «Росатом» пешниҳодшуда миёни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоиштаро маъқул шуморидааст.

Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ истеҳсолкунандагони асосии уран маҳсуб меёфтанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар партовгоҳҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 100 млн. тонна партовҳои радиоактивӣ боқӣ мондаанд.

Тибқи баъзе маълумот, дар қаламрави Тоҷикистон 13-14%-и захираҳои ҷаҳонии уран маҳфузанд. Конҳои бузургтарини уран ҳанӯз солҳои 1945-1955 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кашф гардида, то ахири солҳои 80-ум коркард шуданд.