Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 329 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 ҳазор тонна камтар мебошад. Арзиши умумии бензини воридгардида дар ин давра 371,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳуқумати ҶТ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии ба кишвар воридгардида, ҳиссаи Русия - 62,3%, Туркманистон – 18,5% ва Қир- 10,2%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда 141,4 ҳазор тоннаашро бензин, 112,9 ҳазор тоннаро - сӯзишвории дизелӣ, 49,4 ҳазор тоннашро авиакеросин ва дигар маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳанд. Нархи миёнаи як тонна бензин дар соли ҷорӣ 1 ҳазору 121$, сӯзишвории дизелӣ – 1 ҳазору 84 $ ва авиакеросин – 1 ҳазору 347 $-ро ташкил дод.

Дар робита ба масъалаи бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии Русия дар Вазорати энергетка ва саноати ҷумҳурӣ изҳор карданд, ки ин масъала ҳоло ҳал нагардида, муҳлати имзои созишнома низ маълум нест.