Чанде қабл дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат масоили марбут ба вазъи феълии фаъолияти банкоматҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, макони ҷойгиршавӣ ва бо пули нақд таъмин кардани онҳо, проблемаҳои дар ин бахши хизматрасонии бонкӣ мавҷудбуда ва паҳлуҳои дигари масъалаи номбурда баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллӣ, дар оғоз раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки тибқи маълумоти омодашуда то 1 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд аст.

Бо мақсади муайян намудани дараҷаи фаъолнокии банкоматҳо тайи ду рӯз комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ санҷиш гузаронд. Дар натиҷа маълум гардид, ки аз 200 банкоматҳои санҷидашуда 54 -тои он бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра кор намекарданд. Ҳамчунин маълум гардид, ки вазъи ташвишовар бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад.

Дар робита ба ин, ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои баланд будани талабот ба пули нақд – рӯзҳои додани маош, стипендия, нафақа ва дигар намуди пардохтҳо нуқтаҳои иловагии пешниҳоди пули нақд, ки бо PОS-терминалҳо ҷиҳозонида шудаанд, ташкил карда шаванд, инчунин ба коршоямии шабонарӯзии банкоматҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари ин, дар марказҳои савдо ва бозорҳо ҷойгир намудани POS-терминалҳо барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи қартаҳои пластикӣ мувофиқи матлаб аст.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии проблемаҳои фаъолияти банкоматҳо ва дигар масъалаҳои истифодабарии қартаҳои пластикӣ дар рӯзҳои наздик Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони бовариро ба роҳ мемонад ва ҳар муштарӣ метавонад аз камбудию нуқсонҳои ҷойдошта хабар диҳад.