Чанде қабл вохӯрии консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул Илҳом Абдураҳмонов бо раиси Палатаи савдои шаҳри Истамбул Мурат Ялчинташ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва иштироки ширкату корхонаҳои узви ин Палата дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси Палатаи савдои шаҳри Истамбул изҳори омодагӣ кард, ки бо ҳайати соҳибкорони шаҳри Истамбул ба Тоҷикистон сафар намуда, дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти ширкату корхонаҳои узви ин Палатаро барпо намояд.