Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд. $ ё худ 33% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи ниҳоии таносуби он ба 40% баробар аст.
Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов имрӯз дар ин бора хабар дода, изҳор намуд, ки тамоми қарзҳои хориҷии кишвар ба Стратегияи идоракунии қарзи хориҷии ҳукумат мутобиқат мекунанд.
«Имрӯз дар пардохти қарзи хориҷӣ мо ҳеҷ мушкилие надорем. Агар дар хотир дошта бошед, соли 2000 қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД 130%-ро ташкил медод. Имрӯз тамоми ҷадвалу тарҳҳои бо қарздиҳандагон мувофиқашуда риоя мешаванд», - гуфт вай.
С.Наҷмиддинов зикр кард, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷалби қарзҳои тиҷоратӣ даст кашида, танҳо ба ҷалби қарзҳои имтиёзнок машғул аст ва аксари лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ дар асоси бурсҳо амалӣ мегарданд.
«Дар масъалаи ҷалби қарзҳо ҳукумати Тоҷикистон асосан ҳамчун кафил ҳузур дорад, то ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ баҳри ҷалби қарз барои рушди кишвар шароит фароҳам оварад. Дар сурати ба таъхир афтодани иҷрои уҳдадориҳо оид ба қарз, онро Вазорати молия пардохт мекунад, вале субъектҳои хоҷагидор қарздорони фаръӣ маҳсуб ёфта, натанҳо дар назди қарздиҳандагон, балки назди Вазорати молия низ уҳдадорӣ мегиранд», - шарҳ дод ӯ.
Ба иттилои вазир, дар буҷети соли 2013 барои пардохти қарзи хориҷӣ 630 млн. сомонӣ (132,2 млн. $) маблағ пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2011 қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 124 млн. $ ва ахири соли 2010 – 1 млрд. 942,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон то ҳанӯз Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарз 862 млн. $ ба ин кишвар рост меояд.
Ба таркиби қарзи хориҷии кишвар натанҳо қарзҳои бевоситаи давлат дохил мешаванд, балки қисмати назарраси онро қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидории кишвар низ ташкил медиҳанд, ки қарзҳоро таҳти кафолати давлатӣ ҷалб кардаанд.
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста