Санаи 15-уми декабри соли 1956 агрегати аввалини нерӯгоҳи барқии «Дӯстии халқҳои» шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори нерӯгоҳ Файзулло Авезов хабар дод, феълан ҳамаи шаш агрегати нерӯгоҳ мунтазам фаъолият дошта, дар як шабонарӯз 2,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, ки 30%-и талаботи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба нерӯи барқро ташкил медиҳад.

Ба қавли вай, иқтидори пурраи нерӯгоҳ то ба 3 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз баробар аст. «Нерӯгоҳи мо таъиноти дугона дорад, яъне ҳам нерӯи барқ истеҳсол мекунаду ҳам барои обёрӣ истифода мегардад. Мо зимистон об захира намуда, тобистон кишварҳои поёноб – Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубиро бо об таъмин месозем», - мегӯяд директори нерӯгоҳ.

Ба гуфтаи Авезов, феълан сатҳи оби обанбор нисбат ба соли гузашта ба андозаи 1 метру 60 сантиметр поинтар буда, ҳаҷми об 700 млн. метри мукааб камтар аст. «Агар нишондиҳандаи сатҳи об ба 3,5 млрд. метри мукааб расад, нерӯгоҳ бо иқтидори пурра кор карда метавонад», - гуфт ӯ.

Директори нерӯгоҳ ҳамчунин изҳор кард, ки маъмулан об дар обанбор то моҳи январ захира мешавад ва агар то ин замон сатҳи об ба меъёр баробар шавад, нерӯгоҳ ба фаъолияти пурра оғоз мекунад. «Соли оянда ба маблағи беш аз 40 млн. евро корҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳи Қайроққум дар назар аст», - афзуд номбурда.