Раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова зимни конфронси матбуотӣ иттилоъ дод, ки қарзҳои аз «Амонатбонк» гирифтаи афроди бонуфуз (авторитетҳо)-и ВМКБ аз ҳисоби фурӯши амволи ба гарав гузошта ба миқдори 50% баргардонида шудаанд.
Раиси бонк мегӯяд, маблағи аввалия 400 ҳазор сомонӣ ва фоизҳо барои қарзи пардохтнашударо ташкил медод. «Фикр мекунам, ки ояндаи наздик ин қарз пурра пардохт хоҳад шуд. Тадриҷан қарзҳо коҳиш ёфта, чанд моҳ пештар қарз қисман пардохта шуд», - гуфт ӯ.
Санаи 19-уми сентябри соли гузашта дар вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки қарзи чанде аз «авторитетҳо»-и Бадахшон аз «Амонатбонк» дар маҷмӯъ 1 млн. 265 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
«Шояд инҷо айби ман ҳам бошад, зеро соли 2008 зимни сафар ба Хоруғ ман ба «Амонатбонк» супориш дода будам, ки баҳри рушди соҳибкорӣ ба онҳо маблағи пулӣ ҷудо намояд, - гутф сарвари давлат. - Барои бекор намондан ман чанде аз онҳоро ба сохторҳои низомӣ ба кор таъин кардам, вале нагуфтаам, ки 400-500 ҳазор сомонӣ қарз гиреду онро барнагардонед».
Ба гунаи мисол президент аз қарзи шаҳрванд Гулдарбоғова, ҳамсари бародари бузурги яке аз шахсони бонуфузи Бадахшон Ёдгор Мамадасламов ёдовар шуд, ки айни замон қарзи ӯ ба 700 ҳазор сомонӣ расидааст. Ӯ ҳамчунин қарзи писари Толиб Айёмбеков аз «Амонатбонк» дар ҳаҷми 565 ҳазор сомониро хотиррасон намуда, иброз дошт, ки айни замон аз «Амонатбонк» дар маҷмӯъ 1 млн. 265 ҳазор сомонӣ қарздорӣ мавҷуд аст ва агар ин маблағҳо баргардонида мешуданд, ҳозир 200 нафар тоҷирон соҳиби пулу ҷойи кор мегардиданд.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста