Бонки осиёгии рушд (БОР) амалисозии лоиҳаи минтақавӣ оид ба азнавсозии гумрук ва рушди зербинои он дар Тоҷикистонро ба итмом расонид, ки баҳри беҳбуди шаффофият ва самаранокии хизматгузориҳои гумрукӣ бо мақсади рушди савдо ва пешбурди ҳамкории минтақавии гумрукӣ роҳандозӣ гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар доираи амалисозии лоиҳа низоми ягонаи худкори иттилоотӣ барои коркарди эъломияҳои гумрукӣ таҳия ва дар 72 посгоҳи гумрукӣ ҷорӣ гардида, кормандони он бо тарзи истифодаи он омӯзонида шуданд.

«Ин низом ба беҳбуди мониторинги ҳамлу нақли бор тавассути марз ва расонидани он ба нуқтаи таъинот, беҳтар гардидани сифати назорати гумрукӣ, расмиёт ва ҷамъоварии боҷи гумрукӣ имкони мусоид фароҳам овард», - гуфтанд дар намояндагии БОР.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи амалисозии лоиҳа ҳамчунин ҷиҳати афзудани имконоти бештари расмиёти гумрук посгоҳҳои афзалиятноки гумрукии марзӣ бунёд ва аз таъмир бароварда шуда, барои онҳо автомашина, дастгоҳҳои рентгенӣ ва генераторҳои дизелӣ харида шудаанд.

«Мувофиқи маълумоти ҳисобот оид ба итмоми лоиҳа, вақти анҷом додани расмиёти воридот аз 10 рӯзи дар соли 2005 мавҷудбуда ахири соли 2011 то ба 1-2 рӯз кам шуда, дар давоми татбиқи лоиҳа ҳаҷми ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ беш аз 4 маротиба – аз 103 млн. $-и соли 2003 то ба 485 млн. $ дар соли 2011 афзуд», - иттилоъ дод манбаъ.