Дар Тоҷикистон имсол майдони кишти картошкаро то 71 ҳазор гектар расониданианд. Аз ин миқдор дар майдони 58 ҳазор гектар кишти асосӣ гузаронида мешавад.
Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунанд, ки ба ҳисоби миёна агар аз ҳар як гектар зиёда аз 20 тонна картошка ҷамъоварӣ шавад, ҳосил наздики 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. Майдони кишт аз ҳисоби заминҳои зироати ғалладона ва растаниҳои хӯроки чорво киштшуда зиёд карда мешавад, зеро аз картошка дар кишти такрорӣ ҳам ҳосил ба даст овардан имкон дорад.
Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҷумҳурӣ воридоти тухмии картошкаро зиёд ва ба мутобиқгардонии онҳо ба шароити маҳал оғоз намуд, то ки минбаъд тухмии худро зиёд кунад.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, давоми соли 2021 воридоти тухмии картошка аз Беларус дар ҳаҷми зиёда аз 1 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 526 тонна тухмии картошкаи навъҳои «Рэд Скарлетт» ва «Бигроза» ворид шуд. Онҳо аз ҷониби шарикони Вазорати кишоварзӣ оид ба рушд ва соҳибкорони ватанӣ оварда шуд. Ғайр аз ин, 35,5 тонна тухмии картошкаи “Пикассо” харида шуд. Он ба хоҷагиҳои ноҳияи Рашт ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дода шуд.
Қисмате аз тухмиҳо ҷиҳати муайян кардани қобилияти онҳо ба нашъунамо ва устуворӣ ба иқлим ихтиёри ба Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии ба номи Шотемур супурда шуд.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон бисёр вақт картошкаи навъи голландӣ парвариш ёфта, истеҳсолкунандагон аллакай дар хоҷагиҳои худашон тухмӣ тайёр мекунанд.
Қаблан вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода изҳор дошта буд, ки соли 2020 зиёда аз 1 млн тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуда, лекин ин миқдор кофӣ нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста