Нархҳои истеъмолӣ дар моҳи майи соли 2021 ба андозаи 0,5% боло рафтанд, ки 0,2 банди фоизӣ нисбат ба моҳи апрели ҳамин сол пасттар аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Таварруми моҳи гузашта дар ин сатҳ дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1,2% ба вуҷуд омад.

Дар ҳамин ҳол, нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар моҳи май ба андозаи 0,2% поин рафта, таърифаҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ бетағйир боқӣ монданд.

Қобили зикр аст, ки соли равон пас аз авҷи болоравии нархҳои истеъмолӣ дар моҳи март дар сатҳи 1,8%, моҳи апрел сустшавии он то 0,7% сабт шуд.

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолӣ дар маҷмӯъ 4,4%-ро ташкил дод, ки қариб дар як сатҳ - 4,3% бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Аз оғози соли ҷорӣ арзиши маҳсулоти хӯрокворӣа 6,5%, маҳсулоти ғайриозуқа - 2,7% ва тарифҳои хизматрасониҳои пулакӣ - 1,1% боло рафт.

Нишондиҳандаи ҳадафнок барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.

Соли 2020 низ аз болоравии нарху таърифаҳо дар ҳамин сатҳ интизорӣ мерафт, лекин дар ҷамъбасти сол сатҳи таварруми рекордӣ тайи даҳ соли охир - 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Коршиносон бо беҳбуди вазъи марбут ба пандемия минбаъд низ сустшавии болоравии нархҳои истеъмолиро пешгӯйӣ мекунанд.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Аз оғози сол бештар маҳсулоти хӯрокворӣ қимат шуда, болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ва таърифаҳои хизматрасониҳои пулакӣ нисбатан муътадил буд.

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

- сабзӣ –  3,8 баробар;

- равғани растанӣ – 24,2%;

- равғани пахта – 23,9%;

- карам – 23,7%;

- гӯшти гӯсфанд – 15,8%;

- гӯшти гов – 12,0%;

- картошка – 10,4%;

- нахӯд – 9,8%;

- гӯшти мурғ – 8,9%;

- себ – 8,8%;

- қанд (шакар) – 8,5%;

- тухм – 3,2%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

- бензин – 41,5%;

- сӯзишвории дизелӣ – 16,2%;

- гази моеъ – 13,7%;

- масолеҳи сохтмон – 2,2%;

- воситаҳои шустан – 1,5%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

- роҳкирои нақлиёти мусофирбар – 1,5%;

- хизматрасониҳои маишӣ – 0,2%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.