Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба андозаи 5,8% барзиёд иҷро шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ба “ҳамён”-и асосии кишвр дар ин давра ба ҷойи 10,1 млрд сомонӣ (890 млн доллар)-и тибқи нақша пешбинишуда 10,7 млрд сомонӣ (945 млн доллар) маблағ ворид шуд.

Ин ба он маънидод мешавад, ки ҷамъоварии андозҳои асосӣ - андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз фоида зиёд шуд. Аз ҳисоби пардохти андозҳо соли ҷорӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 70%-и даромадҳои Буҷети давлатӣ таъмин шуд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми даромадҳо ба буҷет мудом камтар аз нақша иҷро мешуданд ва камбуди онро лозим меомад, ки аз ҳисоби грантҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ рӯйпӯш кунанд.

Ҳиссаи миёнаи солонаи андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатии ҷумҳурӣ тайи 10 соли ахир 68%-ро ташкил медиҳад.

Воридшавии маблағҳо аз пардохти андоз дар солҳои гуногун дар доираи аз 60,7% (соли 2016) то 77,9% (соли 2014) қарор доштанд, яъне ҳиссаи андозҳо то 17,2 банди фоизӣ фарқ мекарданд.

Тақрибан 15%-и даромади буҷетро ба ҳисоби миёна дар зарфи 10 соли охир қарзу грантҳо, 9%-ашро маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, 7%-ашро маблағҳои ғайриандозӣ ва 1,3%-ро бақияҳои озоди соли пешин ташкил медоданд.

Таҳлили сохтори андозҳо нишон медиҳад, ки воридоти ин маблағҳо дар давраи буҳрон коҳиш ёфта, дар давраҳои баъдибуҳрон ба барқарор шудан оғоз мекард. Масалан, ҷамъоварии андозҳо пас аз буҳрони молиявӣ-иқтисодии соли 2008 то соли 2014 тамоили афзоиш доштанд.

Минбаъд бар асари буҳрони иқтисодии соли 2014 дар Русия, ки шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва бозори асосии кор барои муҳоҷирони тоҷик мебошад, ҳаҷми даромадҳо дар муддати ду сол баоз ба камшавӣ оғоз намуд. Дар замони баъди буҳрон ҷамъоварии андоз каме барқарор шуда, аммо соли гузашта бар асари пандемия ва омилҳои марбут ба он воридоти ин маблағҳо боз коҳиш ёфт.

Дар сохтори воридоти маблағ ба буҷети кишвар аз пардохти андоз ҳиссаи ААИ ба ҳисоби миёна дар ин давра 44%, андоз аз даромад - 14% ва андози иҷтимоӣ - 12%-ро ташкил дод.

Дар соли 2021 қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар ҳаҷми 27,6 млрд сомонӣ (2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст, ки 1,6 млрд сомонӣ (141 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Дар Вазорати молия ин миқдор афзоиши даромадро ба дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ,  зиёдшавии ҷамъоварии андозҳои асосӣ, инчунин таъмини рушди воқеии иқтисод ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нисбат доданд.

Дар графикаи мо нишондиҳандаи асосии Буҷети давлатии соли гузашта тасдиқшуда барои соли 2021 оварда шудааст, лекин дар назар бояд дошт, ки тайи 5 моҳи соли ҷорӣ ба санади асоси молиявии кишвар баъзе тағйирот ворид шуд, ки нишондиҳандаҳоро дар як сатҳи муайян тағйир дод.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.