Вакилони парлумони Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”-ро давоми 5 сол аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карданд. Ин тасмим дирӯз, 29 декабр дар ҷаласаи охири парлумон дар соли 2021 гирифта шуд ва лоиҳаи қонун якдилона аз ҷониби онҳо қабул шуд.

Ин ширкат барои сохтмони корхонаи коркарди тилло ва мис ва коркарди конҳои "Таррор" ва "Ҷилав" дар Панҷакент аз имтиёзҳо бархурдор гардид.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шарҳи лоиҳаи қарор дар назди вакилон ҳадаф аз созишномаро ба роҳ мондани коркарди хокаи маъдан дар кишвар номид ва гуфт созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи муштараки "Зарафшон" ба муҳлати 10 сол ба имзо расид.

- Ҳоло корхонаҳо бештар хокаро мебароварданд ва коркард намекарданд. Шарти муҳим сохтмони корхонаи металлургӣ дар дохили Тоҷикистон буд. Гуфтем, ки коркарди ниҳоӣ дар дохили кишвар шавад,- гуфт Қодирзода.

Ба гуфтаи номбурда, корхонаро бо 117 миллион доллар то соли 2023 хоҳанд сохт. Саҳми ҳукумат дар ин тарҳ 30 дарсад ва корхонаи "Зарафшон" 70 дарсад гуфта шудааст. Бар асоси тарҳ, дар як сол коркарди 165 ҳазор тонна хокаи маъданро дар назар доранд.

Дар ҷаласаи парлумон бархе вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳони он шуданд, ки корхонаи “Зарафшон” ҳангоми бунёди корхонаи нав дар Панҷакент меъёрҳои ҳифзи муҳити зистро риоя кунад. Дар посух раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ки риояи ҳатмии меъёрҳои экологӣ аз сӯи корхона дар созишнома зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба корхонаи муштараки “Зарафшон” рост меояд.

ҶДММ КМ «Зарафшон» моҳи сентябри соли 1994 таъсис ёфтааст. 75% саҳмияҳои корхона ба ширкати чинии “Zijin Mining Group Co. Ltd” ва 25% ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Корхона бузургтарин конҳои тилои Тоҷикистон – “Тарор” ва “Ҷилав”-ро, ки дар 44-километрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгиранд, коркард мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.