Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи нуктаҳои паёми президенти Тоҷикистон, ки 21 декабри соли равон садо доданд, ҳамоиш доир гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар музокираҳо роҳбарият, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  Завқӣ Завқизода таваҷуҳи ҳозиринро ба дастурҳои сарвари давлат нисбат ба барномаи рушди кишвар дар панҷ соли наздик ҷалб намуд.

Аз ҷумла ӯ ба дастурҳо оид ба таъмини рушди иқтисод дар сатҳи 7% дар ин давра, таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд кардани даромади пулии аҳолӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ишора кард.

Дар паёми президент зикр шуда буд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати миёна дар кишвар 87 баробар, ҳаҷми нафақа - 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ - 75 баробар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83% дар соли 1999 то ба 26,3% дар соли 2019 поин рафт. Аз нашри нишондиҳандаҳои нав дар ин самт дар солҳои 2020-2021 мақомот алҳол худдорӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.