Поинравии қурби доллар ва евро нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ ҳамоно идома дорад.
Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 15 июн 1 доллар 11,02 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 14 июн қимати он ба 11,14 сомонӣ баробар буд. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазору 90 сомонӣ харида, 1 ҳазору 110 сомонӣ мефурӯшанд.
Қурби евро низ мувофиқи қурби БМТ ноустувор аст. Имрӯз 1 евро ба 11,52 сомонӣ баробар буда, дирӯз - 11,65 сомонӣ нарх дошт.
Тибқи қурби расмӣ, имрӯз ба ивази 1000 рубл 177 сомонӣ медиҳанд. Дар “бозори сиёҳ” 1000 рублро 173 сомонӣ харида, 174 сомонӣ мефурӯшанд.
Тамоили болоравии қурби сомонӣ нисбат ба доллар аз нимаи моҳи апрел ба назар мерасад. Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.
Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.
Қурби рубл нисбат ба доллар имрӯз аз ҷониби Бонки марказии Русия дар сатҳи 57,0926 рубл барои 1 доллар муқаррар шудааст.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста