Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон - “Амонатбонк” ба роҳандозии қарздиҳӣ барои ипотека (харидани хона бо қарзи дарозмуҳлат, масалан 10-сола) 100 млн сомонӣ ҷудо кард, хабар дод раиси ин бонк Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.

Ӯ изҳор дошт, ки 100 млн сомонӣ маблағ барои марҳилаи аввал буда, минбаъд дар сурати зарурат боз маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд.

Ба гуфтаи Икромӣ, қарз барои ипотека бо доллар бо меъёри 10%-и солона ва бо сомонӣ - 22%-и солона ба муҳлати 10 сол дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки касоне, ки аз “Амонатбонк” барои ипотека қарз гирифтан мехоҳанд, бояд 30% аз арзиши хонаро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.

“Муштариёни бонк пас аз пурра анҷом дода шудани расмиёти гирифтани қарз метавонанд дар ин хона, ки ҳамчун гарав гузошта мешавад, зиндагӣ кунанд”, - илова намуд Икромӣ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки манзил танҳо пас аз пурра пардохт шудани қарз ба номи мизоҷ гузаронида мешавад. То ин вақт он моли “Амонатбонк” хоҳад буд.

Қарзи ипотекаро метавон натанҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ дастрас намуд.

Қобили зикр аст, ки то ин дам танҳо аз се ташкилоти қарзии кишвар - “Спитаменбонк”, “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ТҚХ “Ҳумо” қарзи ипотека гирифтан мумкин буд.

Дар ҳамин ҳол, ба қарз гирифтан аз ташкилотҳои зикршуда барои ипотека на ҳар кас тасмим мегирад, зеро меъёрҳои фоизи онҳо хеле баланд аст.

Ёдрас мекунем, ки қонун “Дар бораи ипотека” дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008 қабул шуда, лекин бонкҳо чунин қарзҳои дарозмуҳлат намедоданд.

Соли 2019 ба қонун тағйирот ворид шуд, ки дар натиҷа бонкҳо ҷиҳати ба моликияти худ гирифтани амволи гарав бо тартиби ғайрисудӣ дар сурати аз ҷониби мизоҷ риоя нашудани қарордоди басташуда ҳуқуқ пайдо карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.