Дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 411 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 27% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯи нарх ба андозаи 80% боло рафта, маблағи он 338,5 млн долларро ташкил дод.
Ҳиссаи маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли равон то 12,2% афзуд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 8,5% баробар буд.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид мешавад. Боз наздики 6% аз Қазоқистон ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистон, Беларус ва Озарбойҷон харида мешавад.
Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” мебошад, ки қариб нисфи маҳсулоти воридшуда аз ҳаҷми умумӣ ба он рост меояд.
Тоҷикистон аз соли 2013 сӯзишвориро аз Русия тариқи имтиёз (бидуни пардохти боҷи гумрукӣ) мегирад. Мақомоти салоҳиятдори кишварҳо то санаи 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилӣ дар Тоҷикистонро барои соли минбаъда мувофиқа ва тавозунҳои индикативиро ба имзо мерасонанд.
Яке аз шартҳои асосии таҳвили имтиёзноки маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба кишварҳои сеюм дубора содирот нашудани он мебошад.
Ҳаҷми имтиёзноки барои соли 2022 мувофиқашуда ба мисли солҳои пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла Тоҷикистон тариқи имтиёз метавонад 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ ворид намояд.
Аммо ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Русия дар солҳои пешин дар амал 600 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, нархи чакана ба маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар моҳи август асосан аз ҳисоби қиматшавии сӯзишвории дизелӣ (6%) ва гази моеъ (2,1%) ба андозаи 1,3 боло рафт. Аз аввали соли 2022 сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши ҷумҳурӣ 17,9% қимат шуда, бензин ва гази моеъ баръакс, мутаносибан 0,1% ва 15,9% арзон шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста