Ҳоло маълум нест, ки ҳадафи аслӣ аз баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе, ки ҳар ҳафта шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мекунанд, чист.

Масалан, пештар чунин ярмаркаҳо танҳо пешопеши идҳои Рамазон, Қурбон ва Соли наву Наврӯз, ё маъракаҳои муҳими сиёсӣ  баргузор мешуд. Мақсади онҳоро бо нархи арзонтар аз бозор пешниҳод кардани маҳсулоти ниёзи аввал арзёбӣ мекарданд. Зимнан, махсусан дар арафаи ин идҳо воқеан нарх дар бозорҳо хеле боло мерафт ва гуфта мешуд ин ярмаркаҳо то ҷое барои коҳиш додани онҳо мусоидат мекунад.

Аммо ҳоло, сар аз аввали моҳи июл то 3 сентябр рӯзҳои шанбеву якшанбе тибқи нақшаи таҳиякардаи Дастгоҳи Президент шаҳру ноҳияҳо бо навбат на танҳо бояд намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ анҷом бидиҳанд, балки ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт баргузор намоянд.

Чӣ зарурат барои баргузор намудани чунин маъракаҳои пурхарҷ боқӣ мондааст?

13% даромад барои як коса шӯрбо

Дуруст аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон солҳо боз дар бораи мушкилоти эҳтимолӣ вобаста ба ғизо дар дунё сӯҳбат мекунад ва ҳамеша дар суханрониҳои худ аз мардум даъват ба амал меорад, ки аз замини худ ду – се ҳосил бигиранд ва барои ду – се сол захира намоянд. Аммо вақтҳои охир дар назардошт бо воқеаҳое, ки сурат мегиранд, таъкид ҷиддитар шудааст:

“Тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад” таъкид намуд ӯ ҳангоми мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ва  ишора намуд, ки аз ин сабаб таваҷҷӯҳи бештар ба бахши кишоварзӣ, афзоиши бозори истеъмолӣ бояд дода шавад.


Ҳолати дигари ҷиддитар оғози давраи коронавирус дар соли 2020 буд, ки сардаргумиҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Мардум ба кӯчаву бозор ба қавле рехт ва маҳсулоти даркору нодаркорро бо нархи гарон харид намуд. Албатта он замон хос танҳо ба Тоҷикистон набуд ва ҳушдори ҷиддӣ ба ҳамаи ҳукуматҳо дошт: ҳамеша имкон дорад онҳоро ғофилгир намояд, агар барномаҳои мушаххасу муассири давлатӣ дар заминаи амнияти ғизоӣ надошта бошанд.

Вазъият фақат вақте то ҷое оромиш ёфт, ки 7 март  дар вохӯрӣ вобаста ба Иди модарон Эмомалӣ Раҳмон ба ин маъно гуфт, ки “ҳатто замони ҷанги шаҳрвандӣ тавонистем мардумро гурусна намонем, ҳоло имконамон бештар аст”.

Аммо соли 2021 Созмони милали муттаҳид Тоҷикистонро дар радифи 20 кишвари ҷаҳон ҷо дод, ки ғизо дар онҳо арзиши аз ҳад баланд дошта, даромади миёнаи мардум бамаротиб кам аст. Дар миёни кишварҳои африқоӣ! Зеро, аз рӯи маълумоти ин созмони ҳоло ҳам то ҷое мӯътабари ҷаҳонӣ, дар як коса шӯрбои одии ҳар тоҷикистонӣ  13 фоизи даромади рӯзонаи ӯ сарф мешавад, ки ин 12.4 % ҳатто аз Ню Йорк бештар аст...

Дар назардошт бо ҳамаи ин коршиносон мегӯянд Тоҷикистон ба ҳолатҳои шиддатноки бӯҳронӣ вобаста ба ғизо омода нест ва ин метавонад таҳдидҳои гуногунро ба миён орад.

 Баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе шояд яке аз василаҳои пешгирии бӯҳронҳо арзёбӣ шавад. Ҳарчанд таҳлилгарон ин шеваи корро камсамар ва пурхарҷ унвон карда, мегӯянд он бештар рисолати тарғиботиро иҷро менамояд, на ҳалли воқеии мушкилотро...

Чаро ярмаркаҳоро камсамар медонанд?

Хабаргузории “Ховар” бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ навишт, ки танҳо– 15 – 16 июл бо иштироки намояндагони шаҳрҳои Панҷакент, Исфара ва Норак, ноҳияҳои Рашт,  ба номи Ғафуров ва Хуросон беш аз 135,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардид.

Аз намоишҳои навоҳии дигар ҳарчанд дар бораи бо кадом арзиш фурӯхтани маҳсулоти пешниҳодӣ хабар чоп мешавад, аммо дар бораи чӣ миқдор маҳсулот  пешниҳод кардан ба харидорон, маълумот то имрӯз дастрас нест.

Зимнан мушоҳидаҳое ба нашр мерасанд, ки масъулини шаҳру ноҳияҳоро бо навбат дар бозорҳои яклухтфурӯшии маҳсулоти кишоварзӣ – “Деҳқон” ва “Сомон” –и пойтахт мебинанд ва гуфта мешавад онҳо машғули харидории маҳсулот барои намоишгоҳ будаанд.

Ду сабаби асосӣ вуҷуд доштааст, ки раҳбаронро ба ин кор водор менамояд:

1) Баъзе аз маҳсулоти пешниҳодӣ дар ярмаркаро дар худи навоҳӣ бо мушкил пайдо кардан мумкин;

2) Ба ҷои аз ноҳияи дурдаст ба шаҳри Душанбе овардани маҳсулот, он арзонтар меафтад, ки аз ин ҷо гаронтар бихаранд ва нисбатан арзонтар фурӯшанд.

Дар натиҷа,  аллакай пайомадҳои нохуби ин раванд мавриди баҳсҳост. Масалан, мегӯянд бо сабаби харидори яклӯхти зиёдтар пайдо кардани савдогарон нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Душанбе андак – андак болотар меравад.  Аз ҷумла, яке аз сабабҳои ин шабу рӯз боло рафтани нархи картошкаро ба ҳамин нисбат медиҳанд, ҳарчанд сабабҳои дигар ҳам мавриди баҳсҳост. Феълан нархи 1 кг картошка дар бозорҳо аз 8 сомонӣ болост. Соли гузашта нархи он аз чор сомонӣ беш набуд.

Дар ярмаркаҳо бошад, як кило картошка 4- 4.5 сомонӣ арзиш дорад. Аммо мушкил дар дигар ҷост: дар ярмаркаҳо миқдори маҳсулот маҳдуд аст, талабот бошад бисёр!

Аз ҷониби дигар, шикоятҳо дар мавриди начандон босифат будани маҳсулоти ярмарка ҳам кам нест.

Арзиши маҳсулоти дигар дар ярмаркаҳо ба гунаи зайл аст, ки онро то 20 – 30% аз бозор арзон мегӯянд:

пиёз - 1,80 - 2 сомонӣ;

сабзӣ - 3 сомонӣ;

дигар сабзавот - аз 3 то 5 сомонӣ;

гӯшти гов - 55 сомонӣ;

30 дона тухм - 27 сомонӣ;

мева - аз 2 то 5 сомонӣ;

тарбуз як дона - 10-12 сомонӣ;

равған (5 литр) — 65 сомонӣ;

орд (50 кг) - 210 сомонӣ.

Чаро ҳукумат “фақат ғами Душанберо мехӯрад?”

Ҳоло мушкилу муаммоҳои вобаста ба  намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ як тараф, баъзан норозигиҳо аз баргузории чунин ярмаркаҳо ҳам ба гӯш мерасанд. Соли 2017 – 18 низ, вақте шаҳру ноҳия ва вазорату идораҳои кишвар барои ободонии  пойтахт даъват шуданд, чунин сару садо кам набуд: Тоҷикистон фақат Душанбе нест!

Авлавият додан ба пойтахт барои таъмини боимтиёзи сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ба гуфтаи вакили нисбатан фаъоли парлумон Сайҷаъфар Усмонзода асоснок буда, ҳисобшуда аст.

"Сокинони Душанбе замини назди ҳавлигӣ надоранд, ки кишоварзӣ кунанд, ҳамаи сокинон бо маош зиндагӣ ва дар корхонаҳо фаъолият доранд. Дар ин шаҳр теъдоди зиёди донишҷӯён аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ таҳсил мекунанд. Барои ҳамин, тасмим шуд нахуст барои сокинони Душанбе чунин имтиёзҳо ихтисос дода шаванд. Иқтисоддонҳо ҳисоб карданд, ки аз ин ҳисоб  ба буҷаи Тоҷикистон хисороти зиёд ворид намешавад", - мегӯяд Усмонзода.

Дар ҷавоб бархе сокинони деҳот мегӯянд, ки ин ҳолат ҳам наметавонад душанбегиҳоро истисноӣ намояд. Яке аз корбарони Фейсбук дар робита навишт:

Чаро истеҳсолкунандагони шаҳр дар ноҳияҳо чунин фурӯшгоҳҳо ташкил намекунанд? Магар мардуми русто назди одамони шаҳрнишин қарздоранд? Бигзор шаҳриҳо ҳам баранд ҳасибу паниру дигар маҳсулотҳои шаҳрро барои мардуми русто ҳам арзон фурушанд! Чаро чунин ноадолатӣ ҳаст? Ин гуна чизҳоро “дар боло” фикр намекунанд?“.

Саидҷаъфар Усмонзода

Аммо дар Душанбе, ғайр аз ярмарка василаҳои дигари таъминот бо маҳсулоти ниёзи аввалро ҳам солҳост ҷӯё мешаванд. То соли 2017 шаҳрдории Душанбе барои харидорӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар бозорҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр 20 миллион сомонӣ ихтисос медод, аз ҷумла 12 миллион барои ғаллаву орд, 4 миллион барои маҳсулоти кишоварзӣ ва 4 миллион барои воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт. Раҳбарони бозорҳои коммуналӣ ин маблағҳоро аввали сол гирифта, бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома мебастанд ва дар асоси он маҳсулотро ба бозор оварда, дар анборҳо ҳифз мекарданд. Дар ҳолатҳои зарурӣ, аз ҷумла камбуди маҳсулот ё боло рафтани нарх то андозае ин захираҳо пеши роҳи ҳангомаҳоро мегирифт. Ғайр аз ин, ҳар бозори коммуналӣ аз ҳисоби заминҳои атрофи Душанбе дар ихтиёри худ чандин га замин доштанд, ки мебоист дар он кишт анҷом дода, аз ин ҳисоб ба раванди хариду фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал таъсир мегузоштанд.

Албатта мушкилоте дар ин замина буд, аз ҷумла ин ки раҳбарони бозорҳо на ҳамеша бо хоҷагиҳо шартнома мебастанд ва ё на ҳамеша захираи маҳсулот доштанд. Баҳонаи асосиашон набудани ҷои захира арзёбӣ мешуд, ки баъзан воқеият ҳам дошт. Аммо азбаски шаҳрдорӣ ба бозорҳо дар ибтидои сол қарзи бефоиз медод, дар ҳолати зарурӣ аз онҳо талаб ҳам мекард, то бозорро бо маҳсулоти нисбатан арзон пур кунанд. Дар натиҷа роҳбарони бозорҳо бо пули дар ихтиёр доштаашон аз бозор маҳсулотро қимматтар мехариданд ва арзонтар мефурӯхтанд.

Воқеан, қарзҳои бефоизи шаҳрдорӣ барои бархе раҳбарони бозорҳо сархӯр ҳам гашт ва паси панҷара ҳам бурд. Чун онҳо мақсаднок истифода нагашта буданд...

Ҳоло ба маълумоти вазорати кишоварзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 496 адад анбор, сардхона ва яхдон сохта ва барқарор карда шудаанд.  Иқтидори ғунҷоиши онҳо 187 055 тонна маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ мегардад. Яъне масъалаи асосии захираи маҳсулот гӯё ҳалли худро ёфтааст. Пас чаро аз “Тоҷикматлубот”,  КВД “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”, ки барояшон имтиёзҳои зиёд доданд, пурсида намешавад, ки чаро рисолати асосии худро иҷро карда наметавонед?

Масалан дар солҳои охири замони шӯравӣ танҳо як Кооперативи “Нури нав” тамоми Душанберо бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мекард ва ҳамаи инфрасохтори заруриро таҳия карда буд. Дӯконҳои ин ширкат то чанд сол пеш дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт побарҷо буданд. Анбору яхдонҳое, ки то наздикӣ аз онҳо истифода мешуд, маҳз ба ин ширкат мансубанд. Тасаввур намоед, ки ин як ширкати хусусӣ буд. Пас чаро чанд корхонаи давлативу нимадавлатии фаъол наметавонад вазъиятро дигаргун созад?

“Танзими нарх” бо анбори холӣ

Ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам дар Тоҷикистон масъалаи асосӣ пешниҳоди омори нодуруст ва дурӯғ аст. Дар натиҷа, баъзан ҳукуматро ба корҳое водор мекунанд, ки дар доираҳои таҳлилӣ иқдомоташро ҷиддӣ намегиранд ва он тасмимҳо ба зудӣ фаромӯш мешаванд.

Эҳтимол меравад моҳи майи соли 2018 маҳз ҳамин омил боис ба пайдоиши ду қароре гардид, ки ҳеҷ гоҳ амалӣ нашуд. Мувофиқи ин қарорҳо мебоист ҳукумат нархи 16 намуди молу маҳсулот, аз ҷумла орд (навъҳои 1 ва 2), нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида, маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, карам, қанди сафед, шакар, равғани растанӣ, пахта, офтоб­параст, равғани маска, шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог, наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав, гӯшт — гӯшти гов, гӯсфанд ва мурғ, тухми мурғ, намак, чой ва ғизои кӯдаконаро ба танзим медаровард. Ин қарорҳоро ҳамон замон коршиносон “бозгашт ба замони СССР” номиданд ва ба амалӣ шудани он шубҳа карданд.

Тибқи ин санадҳои ҳууқуқӣ танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои мол, маҳсулот ва хизматрасониҳо дар ҳолатҳое амалӣ мешуд, ки агар болоравии нархҳо (тарифҳо) дар давоми як моҳ то 20 фоиз ва зиёда аз онро ташкил диҳад. Дар ин сурат Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон имкон пайдо мекард, ки ҳадди ниҳоии нархро маълум кунад ва савдогарон то се моҳ ҳад надоштанд аз ин нарх боло савдо намоянд.

Раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон Баҳодур Ҳабибов ҳамон замон гуфт,  ин ташаббус метавонад мушкилоти дигарро дар кишвар ба бор орад.

"Ин таҷриба дар кишварҳои гуногун ҳаст, вале ин хароҷоти иловагӣ аз буҷаи кишвар ва дар навбати худ, аз истеҳсолкунандагонро ҳам тақозо менамояд. Агар ҳукумат хароҷоти таъминкунандагони маҳсулотро ҷуброн карда натавонад, танзими беасоси нарх метавонад ба камбуди маҳсулот дар бозори дохилӣ оварда расонад. Ҳатто овозаҳои ҷорисозии танзими нарх ба ин ё он маҳсулот ба он оварда мерасонад, ки воридоти ин навъи маҳсулот коҳиш меёбад, зеро тиҷорат қоидаву тартиботи худро дорад ва ҳеҷ кас ба зиёни худ кор нахоҳад кард”,- мегӯяд Баҳодур Ҳабибов.

Хотиррасон мешавем, ки Девони вазирони Тоҷикистон 8-уми январи соли 1993 бо қабули қарор "Дар бораи озодии нархҳо" давлатро аз масъулияти таъин намудани нархҳо дар бозор озод намуда буд.

Баҳодур Ҳабибов

Ярмарка наметавонад мушкилро ҳал кунад

Коршиносон мегӯянд ташкили ярмаркаҳо як василаи сунъӣ буда, наметавонад давомдор бошад ва аслан масъаларо ҳам аз бунёдаш ҳал карда наметавонад.

Вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода ба ин назар аст, ки  масъалаи таъминот бо ғизоро танҳо давлат ё бахши хусусӣ ҳал карда наметавонанд.

“Барои рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ бояд Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бо вазоратҳои дахлдор, институтҳои илмӣ, аз ҷумла институтҳои иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, зироаткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, инчунин кооперативҳо, корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву чорводорӣ ҳамкориро ба роҳ монад”, - мегӯяд ин вакил.

Ӯ мегӯяд, ба ин васила бо хоҷагиҳои кишоварзу чорводорӣ ба тариқи озмун шартнома баста, мутобиқи нақшабандии ҳатмӣ як сол пеш фармоиши маҳсулот намуда, сари вақт маблағи кишоварзонро барои хариди маҳсулот пешпардохт намоянд.

“Ҳоло мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти соли 2007 таҳти № 111, мақомоти давлатӣ ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба банақшагирии истеҳсоли маҳсулот ягон дахолат надоранд, вале “Тоҷикматлубот” метавонад фармоиш бо тариқи озмун эълон намояд ва хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар озмун ғолиб мегарданд, маҳсулоташонро як сол пешакӣ ба ин ниҳод фурӯшанд. “Тоҷикматлубот” бояд дар тамоми канори ҷумҳурӣ гӯшаҳои маҳсулоти кишоварзӣ таъсис дода, бо ин роҳ ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат-таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намояд”, - мегӯяд Қурбонзода.

Раиси ин ҳизб Рустам Раҳматзода бошад, мегӯяд таҷрибаи муваффақтари ҳалли ин масъала дар Туркия аст: “Дар Туркия 123 ассотсиатсияи соҳавӣ вуҷуд дорад. Вазорати кишоварзӣ 23 ҳазор корманд дорад. Дар ин кишвар 3, 5 млн фермер аст. Намояндаи вазорат бо ҳар фермер шартнома мебандад. Дар ин шартнома маҳсулотеро, ки кишоварз бояд парвариш намояд, зикр мекунанд ва намояндаи вазорат барояшон пешакӣ харидор ҳам пайдо мекунад”.

Рустам Раҳматзода

Раҳматзода мегӯяд, дар Туркия усули банақшагирии индекативӣ, яъне аз поён ба боло равона шудааст. Дар замина вазорат қаблан ҳисобу банақшагирӣ кардааст, ки барои таъминоти дохилӣ ва имкони содиротии он кадом намуди маҳсулот ва бо кадом миқдор зарур аст. “Фермерҳо дар ин давлат ба таври васеъ дастгирӣ меёбанд ва аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Ин аст, ки Туркия аз ҷумлаи 20 давлати амнияти озуқавориаш таъмини дунё аст. Агар мо ҳам мехоҳем амнияти озуқавории худро таъмин намоем, бояд вобаста аз имкон ба ин тартиб корро роҳандозӣ намоем”, - мегӯяд ӯ.

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ҳам мегӯяд, бахши кишоварзии кишвар мушкилоти системавӣ дорад ва аз ин хотир он наметавонад ба ҳалли мушкилоти таъмини ғизо мусоидат намояд.

“Дар Тоҷикистони ҳудуди 200 000 хоҷагии деҳқонӣ ҳаст. 80 дарсади роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тахассуси зарурии кишоварзӣ надоранд. Бар илова, хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ боиси ҷанҷолу хархаша дар деҳот мегарданд, ки вақти тақсим ва истифодаи замин ва об пеш меоянд. Мавзӯи андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳам мушкили ҷиддист. Саҳми андози бахши кишоварзӣ дар буҷа тақрибан 300 миллион сомонист, ки барои як кишвар пули калон нест. Мо пешниҳод дорем, ки бахши кишоварзӣ умуман аз андозбандӣ озод шавад. Ин як навъ кӯмаки давлат мешавад. Деҳқон ва замин танҳо манбаи ғизову пурии дастурхони одамон нест. Он ҳамчунин як рукни муҳими тинҷиву осудагии мардум аст. Мутмаин бошед, ки дар оянда истеҳсолу фурӯши маҳсулоти ғизоӣ низ ба аслиҳаи муборизаву василаи фишори давлатҳо табдил меёбад”, - мегӯяд Латифзода.

Рустам Латифзода

Таҳлилгарон дар хулосаи ин ҳама мегӯянд, ҳалли масъалаи таъминот бо ғизо дар кишварҳое мисли Тоҷикистон осон ва ба зудӣ ба даст намеояд. Сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, тухмӣ ва хеле аз василаҳои дигари муҳим барои кишоварзӣ аз хориҷи кишвар меоянд ва маблағи зиёдро ба хориҷа мебаранд. Низоми мушаххаси назорату таҳлил вуҷуд надорад ва аз ин хотир, як маҳсулот соле бисёр ва соли дигар кам мешавад. Кишоварзон ба умеди даромади бештар маҳсулотро ба хориҷи кишвар мебаранд, аммо дар рақобат бо деҳқонони бархе кишварҳо ночор монда, тақрибан бо нархи Тоҷикистон онро мефурӯшанд. Инҳисори (монополия) бозор низ аз ҷониби ашхоси пурнуфуз ҷо дорад. Ин ҳама ба вазъи умумӣ бетаъсир намемонад. Шояд дар марказҳои қабули қарор ҳам аз ин ҳолат хуб огоҳанд. Дар натиҷа маҷбур мешаванд бархе иқдомоти идеологиву пропагандӣ, аз ҷумла ярмарка ташкил кунанд, ё маошро чанд фоиз боло бардоранд. Аммо ин “тадбирҳо” натиҷаи баръакс медиҳанд. Таваҷҷӯҳ кардаед, ҳам ярмарка ва ҳам афзоиши маош баръакс боис ба болоравии нархҳо мегардад.

Бовуҷуд, бояд роҳи ҳал бошад. Шояд барои ин, ҳама масоилеро, ки дар ин матлаб коршиносон гуфтанд,  дар марказҳои қабули қарор як бор бо ҷиддияти тамом баррасӣ намуда, хулосаи ниҳоӣ бароранд.

Барои иқдомоти популистиву таблиғотӣ бошад, фурсат зиёд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.