Бонки ҷаҳонӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд то соли 2030 як қатор мушкилоти ҷиддиро ҳаллу фасл намоянд.

Муаллифони гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ “корхонаҳои давлатии бесамар, коррупсия, рақобати суст, алоқаи рақамии нокофӣ, мухобироти нақлиётии бад, миёнаравии нокофии молиявӣ, рушди сусти сармояи инсонӣ, осебпазирии назарраси иҷтимоӣ ва экологӣ”-ро аз ҷумлаи ин мушкилот номбар кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, “муҳити кории душвор ба бунёди алтернативаҳои хусусии соҳавӣ” монеъа эҷод мекунад".

Ҳамчунин вобастагии зиёди иқтисоди ҷумҳурӣ аз интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ва сармоягузории хориҷӣ (қарз ва грантҳо) барои амалисозии лоиҳаҳои давлатӣ ва осебпазирии баланд ба таъсирҳо аз берун зикр мегардад.

Рушди нисбатан баланди иқтисодро дар даҳсолаи ахир (ба ҳисоби миёна 7,1%) таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ба “истеъмоли пулҳои интиқолӣ аз ҷониби хонаводаҳо ва сармоягузорӣ (қарз ва грантҳои хориҷӣ - эзоҳи идора) ба зерсохтори давлатӣ” марбут медонанд.

Дар гузориши моҳи июли Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон зикр гардида буд, ки соли 2022 ҳаҷми вуруди интиқоли пул ба ҷумҳурӣ зиёда аз 5,2 млрд долларро ташкил дода, ба ҳадди ниҳоии 49% нисбат ба ММД расид.

То ин замон вуруди нисбатан зиёди маблағ дар соли 2014 сабт шуда буд, ки ҳудуди 4,2 млрд долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷумҳурӣ 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 4,5 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Зиёда аз 3,2 млрд доллар барои татбиқи ин лоиҳаҳо кумаки бебозгашт буда, 1,3 млрд доллараш қарз мебошад.

Дар нимсолаи аввал ба ҷумҳурӣ ба маблағи 736,1 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 86,5 млн доллараш -сармоягузории мустақим ва 649,6 млн доллараш - грант ва қарзҳо мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.