Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ даъват кард, ки фонди мазкур дар маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохитмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин неругоҳҳои офтобию бодӣ дар ҷумҳурӣ иштирок кунад.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин пешниҳод аз ҷониби ниҳоди молиявии мазкур “хуш пазируфта шуд”.
Гуфта мешавад, ин вохӯрӣ рӯзи 28 феврал дар Абу Дабӣ дар доираи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат баргузор шуд.
“Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд”, - зикр мешавад дар хабар.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, Фонди рушди Абу Дабӣ ба сифати сармоягузори имконпазири лоиҳаи неругоҳи “Роғун” баррасӣ мешавад.
Қаблан дар Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар қатори дигар ниҳодҳо оид ба рушд, бо ин Фонд низ ҷиҳати ҷалби маблағ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” гуфтушунидҳои ҷараён доранд.
Дар назар аст, ки соли равон барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи неругоҳи “Роғун” 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар) равона мегардад: аз ҷумла 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва маблағи боқимонда - аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ.
Тибқи маълуомти Вазорати энергетика, барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҳамасола 1 млрд доллар ва амалисозии пурраи лоиҳа - 6,2 млрд доллар маблағгузорӣ лозим аст.
Бино ба маълумоти расмӣ, пас аз барқраор шудани корҳои амалисозии лоиҳа дар соли 2008, ба корҳои идомаи сохтмони ин иншоот зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона гардидааст.
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондин садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Қаҳвахона ва тарабхонаҳои писандидаи муҳоҷирон дар Маскав баста мешаванд
7 медали Тоҷикистон. Ҷадвали ғолибони мусобиқоти “Dushanbe Grand Slam 2024” маълум шуд
Паёмади боришоти шадид дар манотиқи Тоҷикистон
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста