Ҳафтаи сипаришуда бар асари се ҳодисаи садамаи нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ панҷ нафар ҳалок ва шаш тан ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 21-уми апрел дар Душанбе  автомашинаи тамғаи «Нексия» таҳти идораи сокини 22-солаи пойтахт бо суръати баланд ба дарахт бархӯрда, дар натиҷа ронанда ва мусофири 20-солаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Чор нафар мусофирони синнусоли аз 16 то 19-солаи автомашина бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон мунтақил шуданд.

Дар садамаи нақлиёт, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Данғара рух дод, як нафар ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд, ки дар натиҷа ба автомашинаи «Опел-Астра» бармехӯрад. Дар натиҷа як мусофирзани автомшинаи «Опел-Вектра» ба ҳалокат расида, мусофирони дигари автомашинаҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Боз як ҳодисаи садамаи нақлиёти марговар дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба вукуъ пайваст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Санг-Йонг Муссо» аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дар канори роҳ гузоштаи «Хаво» бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи «Санг-Йонг Муссо» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.