Бар асари омадани сел сокини 34-солаи деҳоти Хонатароши ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Моҳшариф Каримова ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, деҳаҳои Хонатарош ва Кулчашма бештар аз сел хисорот бардоштаанд.
«Чун анъана мо омадани селро дар дараи Лангар интизорӣ доштем ва тавассути ҳашар 5 садди зиддиселӣ низ сохтем, вале сел аз канори дигари ноҳияи – деҳаи Хонатарош омад», - гуфт вай.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, солҳои пеш пас аз боронҳо обхезӣ шуда, селовард тавассути канали маркази деҳот равона мешуд, вале имсол об аз куҳ сангпораҳоро ба поин оварда, боиси вайрониҳои зиёд шудааст.
Дар мачмуъ дар зарфи ду рӯз аз сел 26 маҳаллаҳои аҳолинишин зарар дида, 33 километр роҳҳои дохилии асфалтпӯш, то 1 километр шабакаи таъминоти об ва беш аз 10 пулҳо осеб дидаанд.
Сел ҳамчунин 140 гектар заминҳои кишти ғалладонаву сабзавот ва картошкаро шуста, аҳолӣ аз беш аз 100 сар чорвои калони шохдор ва заминҳои обчакорӣ маҳрум шудааст.
Маъмурияти ноҳия ба осебдидагон бо орду равған ва шакар кӯмак кард. Кӯмак минбаъд низ расонида мешавад.
Ба қавли П.Зарифов, корҳои барқароркунӣ оғоз гардида, алҳол аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад. «Баҳри кӯмак аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 1 адад техникаи махсус ва 1 тонна сӯзишвории дизелӣ фиристода шуда, кӯмаки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ дар роҳ аст», - афзуд номбурда.
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста