Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки 2-соларо, ки рӯзи 20-уми апрел бар асари садамаи нақлиёт дар рӯдхонаи Варзоб ғарқ шуда буд, идома медиҳанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл дар натиҷаи бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони бахши ҳолатҳои фавқулода ҷасади мусофирони дигари ин автомашина Давлатова Марҷонаи 24-сола, Мӯминова Азизаи 17-сола ва Мӯминова Шоҳбонуи 16-сола дарёфт карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки бегоҳии рӯзи 20 апрели соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», сокини шаҳри Душанбе, Раҳмонов Фахриддини 22-сола ҳангоми ҳаракат дар километри 18-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба садама дучор шуда, худи ронанда шаҳрванд Раҳмонов ва мусофири автомашинаи мазкур Муминов Наими 24-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ва чор нафар мусофиронаш ба дарё ғарқ шуда буданд.