Соати 07-у 47 дақиқаи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи қувваи то 4 балл ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизики Академияи илмҳои ҶТ хабар доданд, маркази заминларза дар 340 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 85 километрии ҷанубу ғарби кӯли Сарез воқеъ буд.
Бино ба маълумоти пешакии хадамоти номбурда, дар марказ қувваи заминларза 4 балл ва дар минтақаи кӯли Сарез 3 баллро ташкил додааст.
Маълумотнома: Рузи 18 феврали соли 1911 дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминларзае ба қудрати 9 дараҷаи рихтер ба вукуъ пайваст, ки ба асари он маҷрои дарёчаи куҳӣ баста шуда, дар маҳалли ҳодиса деҳае бо номи Сарез комилан аз байн рафт ва аз ҳамон лаҳза кӯле бо номи "Сарез" шаклгирии худро оғоз кард.
Дар айни ҳол, яъне бо гузашти 98 сол аз ташкили обанбори табиӣ, тӯли кӯл ба бештар аз 70 километр ва чуқурии он ба 500 метр расидааст. Ҳаҷми оби ҷамъшуда 17 млрд. метри кубӣ баровард шудааст. Ин кӯл дар баландии 3 хазор метр аз сатҳи оби баҳр ҷойгир шудааст.
Кӯли Сарез аз замони пайдоиш дар маркази таваҷҷуҳи ниҳодхои зистмуҳитии Тоҷикистон ва минтақа қарор дошт. Ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта мутахассисони шӯравӣ дар пайи таҳқиқоти зиёд ба ин натиҷа расиданд, агар чораҳои заруӣй андешида нашавад, дар дарозмуддат ҷамъ шудани беш аз ҳадди об боиси вайрон шудани садди табиӣ ва сарозер шудани обу сангу гил хоҳад шуд, амре ки ҷони 6 млн. аз аҳолии Осиёи Марказиро дар маърази хатар қарор хоҳад дод.
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста