Деҳоти Маданият, Пахтакор ва Ниёзбеки ҷамоати ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодм аз офати табиӣ хисорот бардоштанд.
Чуноне ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди тамринҳои комплексии ситодии шаҳр хабар доданд, фаромадани сел соати 20:00-и шом оғоз гардида, ҳавзи парвариши моҳӣ, якчанд қитъаи қаламрави фермаи хурди парандапарварӣ ва ҳамчунин майдонҳои кишти хоҷагиҳои зикршуда зери лойқаву санг мондаанд.
Дар натиҷаи чораҳои саривақт андешидаи ҳукумати маҳаллӣ, намояндагони дар тамрин иштирокдоштаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ, сокинон ба ҷойи бехавф кӯчонида шуда, дар қисматҳои ҷудогонаи Канали калони Фарғона корҳои соҳилмустаҳкумкунӣ баргузор шуданд.
Комиссияи махсуси таъсисёфта оид ба ҲФ ба муайян кардани ҳаҷми зарари расида машғул аст.
Ёдрас мекунем, ки шуруъ аз 24-уми апрел дар Конибодом бо иштироки хадамоти ҷумҳуриявӣ ва вилоятии Кумитаи ҲФ ва ҳамчунин вазорату идораҳо тамринҳои хадамоти маҳаллии мудофиаи гражданӣ баргузор шуда истодаанд.
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста