Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бар асари фаромадани сел ду пул хароб гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бар асари боришоти шадиди бардавом сатҳи оби канали «Томчи-сой» хеле боло рафта, ба ҷараёни бузурги сел мубаддал шудааст. «Ҷараёни сел дар ҳаҷми 100-120 метри мукааб, ки аз ҷониби Қирғизистон фаромад, дар як муддати кӯтоҳ ду пули 36-метра дар қаламрави ҷамоати Ӯзбекқишлоқро хароб сохта, ҳамчунин ба заминҳои кишт зарар расонид», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти кумита.

Ба иттилои манбаъ, аз боришоти шадид ҳамчунин иншооти хоҷагидории давлативу хусусии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва Ҳисор осеби зиёд дидаанд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, дар семоҳаи аввали соли равон бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 14 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳаҷми маблағи зарар аз офатҳои табиӣ дар ин давра беш аз 2 млн. 342 ҳазор сомониро ташкил додааст.