Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиии чанд рӯзи ахир дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ чора меандешад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бар асари фаромадани сел дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳудуди 300 манзили зист осеб дидаанд, ки дар онҳо ё тарқишҳои бузург пайдо шудааст ва ё умуман барқарор карданашон ғайриимкон аст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ноҳияи Мӯъминобод қисман ё пурра 104, дар ноҳияи Восеъ – 52, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 43 ва дар ноҳияи Темурмалик – 65 манзили зист хароб шудаанд. «Дар сари роҳи худ селу лойқа роҳҳо, пулҳои миёни маҳаллаҳои аҳолинишинро шуста, ба заминҳои кишт зарар расонид», - гуфтанд дар кумита.
Ба кӯмаки осебдидагон намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сафарбар шуда, дар макони офат ситодҳои ҳолатҳои фавқулода амал мекунанд.
Айни замон дар бораи ба куҷо кӯчонидани аҳолии осебдида маълумот дода намешавад.
Бино ба маълумоти КҲФ, рӯзҳои 29-30-юми апрел аз боришоти зиёд ва фаромадани сел шаҳру навоҳии Ваҳдат, Файзобод вав Спитамен низ хисорот бардоштаанд.
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста