Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон то охири сол соҳиби 8 василаи нақлиёти  тахассусии наҷотбахш мегардад.

Тавре муовини аввали раиси ин Кумита генерал-майор Абдусатор Хушвахтов рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои харидории ин техникаҳо аллакай 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

«Аз ҳашт василаи нақлиётии пешбинишуда, ки дар корхонаҳои Русия бароварда шудаанд, панҷтояш аллакай моҳи сентябр вориди  кишвар  мешаванд»,- гуфт ӯ.

Ба қавли Хушвахтов, арзиши ҳар як аз ин мошинҳо аз 80 ҳазор то 150 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Мавсуф таъкид кард, ки соли гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамагӣ ду воҳиди техникаи тахассусиро харидорӣ кардааст.

Дар ин ниҳод иброз доштанд, ки то кунун фақат  наҷотбахшони пойтахт ва вилояти Суғд чунин техникаҳоро дар ихтиёр доранд.

«Дар нақша аст, ки ояндаи наздик ҳамчунин ситодҳои дигар навоҳӣ ва шаҳрҳо бо чунин василаҳои нақлияи тахассусӣ муҷҷаҳаз гардонида шаванд»,- афзуд Хушвахтов.