Дар арафаи иди шарифи Рамазон дар шаҳри Турсунзода сокини маҳаллӣ модарашро кушта, холаашро захмӣ ва сипас кӯшиши худкушӣ кардааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, нимаи дуюми рӯзи 27-уми июл сокини шаҳри Турсунзода Отабек Давронови 35-сола бар асари ҷанҷоли отлавӣ бо корди дар дасташ буда ба дили модараш Ҳанифа Давроноваи 58-сола зарба задааст, ки охирон аз бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар вақти ин ҳодиса хоҳари марҳум Мавҷуда Осимоваи 49-сола, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон буда, меҳмонӣ омада буд, мехоҳад онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намояд.

«Отабек Давронов бо корд ба қисми болои абрӯ ва як маротиба ба шиками холааш задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштааст. Дар охир худи Давронов бо корд як маротиба ба шикамаш зада, бо ҷароҳати меъда дар беморхона бистарӣ гардидааст», - омадааст дар иттилои ВКД,

Гуфта мешавад, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.